Тоҷикистон бахшҳои молиявии Люксембургро ба ҳамкорӣ даъват намуд

Дар Люксембург 20 ноябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург бо Директори генералии Иттиҳодияи фондҳои сармоягузории Люксембург (ALFI) Камилле Томмес ва Менеҷери калони рушди соҳибкорӣ Пиер Оберие баргузор гардид. 

Иттиҳодияи мазкур созмони аз аҳли сармоягузорони Люксембург намояндагикунанда буда, зиёда аз 1300 фонду хазинаҳои сармоя, ширкатҳои замонат ва кафолатдиҳанда ва ташкилотҳои дигар, мисли бонкҳои хизматгузор, ширкатҳои ҳуқуқӣ, мусташорон ва мушовирони соҳаи сармоя ва ғайраҳоро муттаҳид месозад.

Ҷониби Тоҷикистон масоили шарикӣ дар иҷрову татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030-ро матраҳ намуда, хостори мусоидати бахшҳои молиявии Люксембург, аз ҷумла, ҷомеаи сармоягузорон ва соҳибкорон, бонкҳои байналмилалӣ ба кишвари мо ва алалхусус ба бахши бонкии Тоҷикистон расонидани кумак шуд. Дар ин замина тамосҳои то ҳол баргузоршуда бо Хонаи тадрис (House of Training)-и Люксембург, ки  як бахши ин корро ба уҳда гирифтааст, ёдрас шуд.

Зимни зарурати танзими мулоқотҳои сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони тоҷикистониву люксембургӣ ҷиҳати муаррифии имкониятҳои бахшҳои ба сармоя ниёздоштаи кишвари мо мавҷудияти Созишномаи канорагирӣ аз андозситонии дукарата байни Люксембург ва Тоҷикистон чун як омили мусбат зикр шуд.

Мувофиқа шуд, ки иловатан як теъдод машваратҳои сеҷонибаи Сафорати Тоҷикистон, Иттиҳодияи мазкур, Бурси (биржаи) Люксембург ва Палатаи савдо ва саноати он дар мавзӯи истифодаи маблағҳое, ки махсусан барои “иқтисоди сабз” ҷудо карда шудаанд, баргузор шавад.

АМИТ "Ховар"