Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,25 банди фоизӣ паст фаровард

Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон аз 23 январи соли равон меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,25 банди фоизӣ паст фароварда, дар сатҳи 14,75 фоизи солона муқаррар намуд. Қарори мазкур вобаста ба нисбатан коҳиш ёфтани хавфҳои таваррумӣ ва наздик гардидани сатҳи таваррум ба нишондиҳандаи мақсаднок барои давраи миёнамуҳлат 7,0 фоизи солона (+/-2%) қабул гардид.

Тавре аз Бонки миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи маълумоти оморӣ, сатҳи таваррум дар ҷамъбасти соли 2017 ба 6,7 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,6 фоиз тағйир ёфт. Тибқи ҳисобҳо, саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ дар таварруми солона бартарӣ дошта, 4,3 банди фоизӣ, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,2 банди фоизӣ ва хизматрасониҳо 1,2 банди фоизиро ташкил дод. Омилҳои асосии таъсиррасон ба раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо бо омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ ва пешниҳодот, бахусус дар натиҷаи болоравии нархи маҳсулоти сабзавот (картошка, сабзӣ, пиёз) дар нимсолаи аввал вобастагӣ дошт. Ҳамзамон афзоиши ҳаҷми нишондиҳандаҳои пулӣ вобаста ба қарор оид ба сармоякунонии бонкҳои муаммодор то андозае фишорҳои қурбӣ ва таваррумиро дар нимаи аввали соли 2017 ба вуҷуд оварда буд.

Вобаста ба ин, бо андешидани тадбирҳои қатъии сиёсати монетарӣ муяссар гардид, ки фишорҳои монетарӣ нисбатан дар давоми сол коҳиш ёбанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи таварруми аслӣ, ки тамоюли дарозмуддати нархҳоро бе таъсири лаппишҳои кӯтоҳмуддат инъикос менамояд, дар соли 2017 ба 1,6 фоизи солона баробар шуд ва ин аз маҳдуд гардидани таъсири омилҳои монетарӣ шаҳодат медиҳад.

Интизор меравад, ки дар ибтидои сол ба таври муқаррарӣ эҳтимоли ба миён омадани тағйирёбиҳои кӯтоҳмуддат вобаста ба таъсири омилҳои мавсимӣ мавҷуд буда, дар давраи миёнамуҳлат тибқи дурнамо сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0% + 2 б.ф.) боқӣ хоҳад монд.

Инчунин дар баробари баланд гардидани нархи нафт дар бозори ашёи хоми ҷаҳонӣ, устувор гардидани қурби рубли русӣ ва нисбатан муътадилгардии талаботи ташкилотҳои қарзӣ ба асъори хориҷӣ аз ҳисоби қонеъ гардонидани барзиёдии он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, эҳтимолияти афзоиши вуруди интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ дар аввали соли равон ва то андозае коҳишёбии омилҳои берунӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла, хавфҳои қурбию таваррумӣ мавҷуд аст.

Ба иттилои манбаъ, дар давраи миёнамуҳлат эҳтимолияти хавфҳо бо тадриҷан афзоиш ёфтани сатҳи талабот дар бахши истеъмолию хароҷоти инвеститсионӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, болоравии нархҳои маъмурӣ, ноустувории молиявӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва хавфи зиёд шудани интизориҳои таваррумӣ метавонанд таъсири худро ба сатҳи нархҳо расонанд.

Бо дарназардошти нисбатан пастравии интизории сатҳи таваррум, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои берунӣ ва тадриҷан ба эътидол омадани вазъи макроиқтисодӣ, Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро то сатҳи 14,75 фоизи солона поён бурд.

Қобили зикр аст, ки меъёри фоизи бозтамвил маҳз барои таъсирбахш намудани фишангҳои фоизии амалиёти монетарӣ, идоракунии босамари сатҳи пардохтпазирӣ ва татбиқи сиёсати пайгиронаи монетарӣ баҳри нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳо истифода мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома медиҳад.

АМИТ "Ховар"