Тоҷикистон ба харитаи адабии ҷаҳон шомил шуд

Нашрияи бритониёии «The Independent» харитаи адабии ҷаҳонро пешниҳод намуд, ки дар он 197 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ зикр гардидаанд. Дар ин харита ҳар кадоме аз кишварҳо бо асари бадеӣ муаррифӣ шудаанд, ки ба хонандагон ҷиҳати шиносоӣ бо зиндагиву фарҳанги ин давлат имкон медиҳад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тоҷикистон дар харита бо китоби Андрей Волос «Хуррамабад» (Хуррамобод), кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Қазоқистон бо асарҳои Чингиз Айтматов — «Джамиля» (Ҷамила) ва «Дольше века длится день» (Рӯзи дарозтар аз қарн) муаррифӣ шудаанд. Аз Федератсияи Россия Лев Толстой бо асари «Война и мир» (Ҷанг ва сулҳ) пешниҳод шудааст.
«Хуррамобад» романи нависандаи рус Андрей Волос мебошад, ки соли 1955 дар Душанбе ба дунё омадааст. Роман соли 2000 дар Москва нашр шуда, маҷаллаи «Новый мир» муаллифро ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Россия пешниҳод намуд ва ин ҷоиза бо фармони Владимир Путин ба ӯ тақдим гардид.
Зимни эзоҳи роман муаллиф қайд мекунад, ки «Хуррамобад» шаҳри хушбахтӣ аз афсонаҳои форсӣ аст. Зери мафҳуми Хуррамобод шаҳри Душанбе дар назар буда, қаҳрамонони асар сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.

Tags: