Таэквондочиёни тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Chuncheon Korea Open» соҳиби се медал гардиданд

Варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии таэквондо «Chuncheon Korea Open G-2» дар Ҷумҳурии Корея сазовори 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора Раиси Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки 4 июл оғоз гардида, 10 июли соли равон ба анҷом мерасад, варзишгарон аз 50 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Хотиррасон менамоем, ки дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 варзишгар- Муниса Ойматова (вазни 49кг), Насиба Давлатова (46кг), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (73кг), Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов (55кг), мураббиён Исломиддин Фозилов ва Чонг Чон Фи намояндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки 6-7 июли соли равон варзишгарони тоҷик муҳориба карда, ба дастовардҳо ноил гаштанд. Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73кг ба гирифтани медали тиллои мусобиқа даст ёфт. Муниса Ойматова дар вазни 49кг сазовори медали нуқра ва Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов дар вазни 55кг сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Ҳамчунин сармураббии дастаи мунтахаби бонувон Чонг Ҷо Фи дар киёпа – шикастани тахтасанг бо панҷаи даст ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.

Бояд зикр кард, ки Мусобиқаи байналмилалии «Chuncheon Korea Open G-2» дар мувофиқа бо таэквондои ҷаҳонӣ баргузор шуда, варзишгарон соҳиби холҳои рейтингӣ барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.

Раиси Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев иброз дошт, ки шумораи медалҳои мусобиқоти байналмилалии таэквондочиёни Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 37 адад расид.

АМИТ «Ховар»

Tags: