«CAFA FUTSAL CUP-2023». Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқа бар дастаи мунтахаби Туркманистон ғолиб омад

Шоми  24 июл  дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври дуюми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023»  дар сатҳи баланд  баргузор  шуданд.  

Дар даври дуюми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Туркманистон рақобат намуда, бо ҳисоби 4:2 бар дастаи мунтахаби Туркманистон  ғолиб омад. Ҳамчунин  дирӯз  дар чаҳорчӯби   даври дуюми бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» боз ду рақобати  дигар доир шуд.

«CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 2

Тоҷикистон  – Туркманистон – 4:2

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 3 (1:0). Шири Байрамдурдиев, 6 (1:1). Файзали Сардоров, 6 (2:1). Муҳаммадҷон  Шарипов, 11 (3:1). Дилшод Саломов, 14 (4:1). Некрӯз Идиев, 36 –   (4:2).

 Бозингари  беҳтарини  бозӣ: Некрӯз Алимаҳмадов (Тоҷикистон)

24 июл. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе. 1120  тамошобин

Tags: