ТИБҚИ СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ВМКБ дидан кард

ТВТ. 25.06.2022. Тибқи супориши бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Вазори тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба ВМКБ сафар намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят шинос шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни боздид гурӯҳи корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Роштқалъа аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар бинои нави ин муассисаи тандурустӣ корҳои ҳамворкунӣ ва бетонрезӣ босуръат идома доранд.

Ҳамчунин дар ҷараёни сафар гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ишкошим бо фаъолияти беморхонаи марказӣ ва ​ рафти корҳои ободонии осоишгоҳи «Авҷ» шинос шуд.

Тибқи иттилои масъулин, чашмаи шифобахши «Авҷ» барои бемориҳои чашм, меъдаю рудаҳо ва дилу рагҳо фоидаовар мебошад.

Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти хизматрасонии тиббии ​ Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон ба аҳолӣ ​шинос шуд.

Бояд гуфт, ки таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои​ бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини солимии аҳолӣ дар баробари дигар манотиқи мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ низ як қатор корҳои муҳим ва назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: