Медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё муборак!

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар  Чемпионати Осиё , ки дирӯз дар Малайзия ба анҷом расид, медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳиб шуданд.

Ин дар ҳолест, ки  шоми дирӯз футболбозони навраси Тоҷикистон дар вохӯрии финалӣ, дар бозии баробар бо дастаи мунтахаби Япония бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардида, зинаи дуюми ифтихориро сазовор гардиданд.

Футболбозони Тоҷикистон миёни 45 дастаи қораи Осиё бори аввал дар таърихи футболи мамлакат ва Осиё тавонистанд, ки ба вохӯрии финалӣ роҳхат гирифта, саҳфаи корномаи варзишии кишварро рангин намоянд. Ба замми ин баъди ин муваффақият маротибаи дуввум футболбозони мамлакат дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Перу доир мегардад, иштирок менамоянд.

Ҳунарнамоии дастаи мунтахаби наврасони то 16-сола бори дигар собит сохт, ки барномаи рушди футбол дар кишвар бо майлони тоза ҷараён дорад ва ба наздикӣ боз дастаи мунтахаби то 19-солаи Тоҷикистон  дар бозиҳои финалии Чемпионати Осиё ширкат меварзад.

Роҳандозӣ шудани барномаи нави Федератсияи футболи Тоҷикистон “Орзу -2026”, ки бо дастовардҳои намоён шурӯъ шуд, дар арсаи футболи мамлакат ситораҳои ҷавону умедбахшро кашф ва ба воя хоҳад расонд.

Медалҳои нуқраи аввалини Чемпионати Осиё муборак!

Чемпионати Осиё-2018 байни футболбозони наврас (U-16).

Финал

Япония – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Ҷун Нишикава, 63.

ТоҷикистонМӯҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарифов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров, Амадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Шарифбек Раҳматов, 60), Озодбек Панҷиев (Шоҳрух Сангов, 66), Ислом Зоиров (Сунатулло Исмоилов, 82), Рустам Соиров.

Довар дар майдонАҳад Ёқуб Иброҳим (Урдун).

7 октябр. Куала-Лумпур. Варзишгоҳи милии Букит Ҷалил. 352 тамошобин.

Ҳамаи бозиҳои финалии Чемпионати Осиё байни наврасон (1985-2018):

1985 – Арабистони Саудӣ – Қатар – 0:0. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 4:3

1986 – Кореяи Ҷанубӣ – Қатар – 0:0. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 5:4

1988 – Арабистони Саудӣ – Баҳрайн – 2:0

1990 – Қатар – АМА – 2:0

1992 – Чин – Қатар – 2:2. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 8:7

1994 – Япония – Қатар – 1:0 (дар вақти иловагӣ)

1996 – Уммон – Тайланд – 1:0

1998 – Тайланд – Қатар – 1:1. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 3:2

2000 – Уммон – Эрон – 1:0

2002 – Кореяи Ҷанубӣ – Яман – 1:1. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 5:3

2004 – Чин  – Кореяи Шимолӣ– 1:0

2006 – Япония – Клореяи Шимолӣ – 4:2 (вақти иловагӣ)

2008 – Эрон – Кореяи Ҷанубӣ – 2:1

2010 – Кореяи Шимолӣ – Ӯзбекистон – 2:0

2012 – Ӯзбекистон – Япония – 1:1. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 3:1

2014 – Кореяи Шимолӣ –Кореяи Ҷанубӣ – 2:1

2016 – Ироқ – Эрон – 0:0. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 4:3

2018 – Япония – Тоҷикистон – 1:0

АМИТ «Ховар»