Музаффар Ҳусейнзода Роҳбари навтаъйини Намояндагии СУТ дар Тоҷикистон Виктор Олсавскиро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз, 1 феврал муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Роҳбари навтаъйини Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Тоҷикистон Виктор Олсавскиро ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони мазкур, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати паҳншавии коронавируси нав (COVID-19) табодули афкор намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: