Тоҷикистон ва ҷаҳон

Имрӯз дар ҷумҳурӣ то 2 дараҷа баландшавии ҳарорат дар назар аст

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона муътадил боқӣ монда, рӯзона   нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа баланд гашта, дар бештари ноҳияҳо ба 42 дараҷа мерасад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 7 август идома хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар карданд

Дирӯз, 5 август аввалин гурӯҳи зоирини  Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Ба ин гурӯҳ 180 нафар зоирон шомил мебошанд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим хабар дод.

Страницы