Тоҷикистон ва ҷаҳон

Маркази миллии тестӣ: натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018 эълон гардид

Имрӯз натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли  2018  эълон  гардид.

Соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон барои рушди ҳамкорӣ мулоқот мекунанд

9 августи соли равон дар Душанбе Шӯрои якуми кории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамоиши (бизнес-форуми) намояндагони доираҳои соҳибкорони ин давлатҳо   баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори Шӯрои мазкур бахшҳои сохтмон, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология), кӯҳканӣ, металлургӣ, кимиё, мошинсозӣ, таҷҳизот ва технологияҳои барқӣ, мебел ва ғайраҳо ширкат меварзанд.

Бори аввал дар Шаҳрисабзи Ӯзбекистон Ҳамоиши байналмилалии мақомхонон баргузор мешавад

Бори аввал дар ШаҳрисабзиӮзбекистон аз 6 то 10 сентябри соли равон Ҳамоиши байналмилалии мақомхонон доир мегардад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА, ки рӯзҳои 1-4 август дар Ҳайати дӯстии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ширкат дошт, хабар медиҳад.

Страницы