Боздиди баронесса Элисон Мэри Сюти аз Парлумони Тоҷикистон
Опубликовано ср, 11/04/2018 - 10:09 пользователем tvtАъзои палатаи Лордҳо аз Ҳизби либерал-демократҳои Британияи Кабир, баронесса Элисон Мэри Сюти зимни сафараш ба Тоҷикистон аз Парлумони мамлакат боздид намуда, бо вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот роҳҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ шуда, дар ин самт пешниҳодҳои самарабахш ироа гардиданд.


Дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»–и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавии гусели аввалин 1043 нафар наваскарон аз шаҳру навоҳии вилоят ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба чорабиниҳои сатҳи баланд -нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва роҳбарони саммити раисони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон дар Душанбе доир мегарданд, омодагии ҷиддӣ мебинад.