Боздиди баронесса Элисон Мэри Сюти аз Парлумони Тоҷикистон

Аъзои палатаи Лордҳо аз Ҳизби либерал-демократҳои Британияи Кабир,  баронесса    Элисон Мэри Сюти зимни сафараш ба Тоҷикистон аз Парлумони мамлакат боздид намуда, бо вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот  роҳҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ шуда, дар ин самт пешниҳодҳои самарабахш  ироа гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки баронесса   Элисон Мэри Сюти 25 сол  инҷониб дар парлумонҳои Британияи Кабир ва Аврупо фаъолият намуда, бештар ба масъалаи роҳҳои табобати беморони сил машғул аст. Мавсуф ҳамзамон бо парлумонҳои мамлакатҳои дунё,  аз қабили Парлумони Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон  ҳамкории густурдаро дар бахши мубориза бар зидди бемории сил ба роҳ мондааст. Дар ин росто, дар мулоқот ҳамзамон масъалаи вазъи бемории сил дар Тоҷикистон ва роҳҳои табобати он матраҳ гардид.

АМИТ "Ховар"