«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши анъанавӣ баргузор мегардад
Опубликовано ср, 13/03/2024 - 16:20 пользователем tvtБа истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз 15 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор мегардад.
Дар намоиш ашёи нави дорои моҳияти таърихию фарҳангӣ, ки давоми як сол, яъне аз Наврӯзи соли 2023 то Наврӯзи соли 2024 бо роҳҳои гуногун -экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа ҷамъоварӣ гардидаанд, пешкаши ҳамагон мегарданд. Ҳамзамон дар доираи намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» китобҳои тозанашри муассиса муаррифӣ мешаванд.