Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро мавриди истифода қарор доданд
Опубликовано сб, 31/08/2024 - 10:25 пользователем tvtДУШАНБЕ, 30.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди варзишгоҳ соли 2020 оғоз гардида, барои иҷрои корҳои сохтмону таҷҳизонидани он беш аз 37 миллион сомонӣ сарф гардидааст.