Хабар

УСТОДИ ФАЛАК, ҶОНИ ФАЛАК ТАРКИ ФАЛАК ГУФТ! Сурудҳои Давлатманд Холов ганҷинаи тиллоии миллат барои наслҳои оянда мебошанд

Санъати «Фалак» хазинаи нодири миллати тоҷик  аст, ки савту таронаҳои он бо манзалату маърифаташон дар замири инсон фазилатҳои накӯӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносиро бедор намуда, ҷаҳони андеша ва зеҳниятро ҷилои нав мебахшанд ва таҳвили бегазанди ин ганҷинаи тиллоии миллат барои наслҳои оянда вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад. Ин рисолатро дар баробари дигар ҳунармандони маъруф ҳамзамон устод Давлатманд Холов низ содиқона иҷро намудааст.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

28 январи соли 2024, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Сада, ки ҳамчун ёдгори бисёр гаронбаҳо аз аҷдоди некномамон ба мо мерос монда, ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон эҳё гардидааст ва ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллии мо табдил ёфтааст, самимона табрик мегӯям.

Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 баргузор мешавад.

Страницы