Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ҶДММ «Тоҷ-Агро» шинос шуданд
Опубликовано пт, 06/09/2024 - 09:01 пользователем tvtДУШАНБЕ, 05.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз заминҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Агро» боздид намуда, бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуданд.