Хабар

Бозии дастаҳои «Эсхата» ва «Хатлон» мусовӣ анҷом ёфт

5 апрел дастаи футболи  «Хатлон»-и   шаҳри  Бохтар дар доираи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар сафар бо дастаи  «Эсхата»-и  шаҳри Хуҷанд рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд доир гардида, бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим миқдори махсусан калони маводи мухаддир мусодира гардид

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим миқдори махсусан калони маводи мухаддир мусодира намуданд.

Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия муайян шуданд

Дирӯз дар шаҳри Бишкеки  Ҷумҳурии Қирғизистон маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-Уқёнусия баргузор шуд, ки дар натиҷаи он рақибони варзишгарони  тоҷик муайян шуданд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Страницы