Дар ноҳияи Б.Ғафуров муомилоти ғайриқонунии металли қиматбаҳо пешгирӣ гардид

Кормандони милитсия марди 32-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро дар назди бозори «Баракат»-и ноҳияи Б.Ғафуров барои фурӯхтани 14 грамм хокаи тилло бар ивази 8 ҳазору 100 сомонӣ дастгир намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Тибқи хулосаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хокаи мазкур ба гурӯҳи металли қиматбаҳо дохил шуда, вазнаш 19,80 граммро ташкил медиҳад. Арзиши умумии хокаи тилло бо назардошти иёри миёна (90% тиллои таркибӣ) 11 ҳазору 795,42 сомониро ташкил медиҳад.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 284, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: