Залмай Халилзод: «Аз сиёсати Тоҷикистон ва роҳбарияти он барои ҳамкорӣ ва расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон қаноатмандем»
Опубликовано вт, 04/05/2021 - 21:35 пользователем admin
«Аз сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамкорӣ ва расидан ба сулҳу субот, инчунин пешравӣ дар Афғонистон қаноатмандем», — таъкид намуд имрӯз дар Душанбе пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон


4 май мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.