Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи парандапарварии «Мурғи Нуробод»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Опубликовано пн, 20/09/2021 - 16:17 пользователем admin20 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи якчанд иншоот ва шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.
Нахуст дар ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи парандапарварии «Мурғи Нуробод»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.


20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангворро ба истифода доданд.