Оғози сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон
Опубликовано пт, 17/09/2021 - 20:17 пользователем admin16 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овард.
17 сентябр маросими истиқболи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.


Имрӯз Раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода бо Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ мулоқот намуд.