Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ислоҳоти роҳандозинамудаи Бонки миллиро самаровар ва муассир арзёбӣ намуд

Таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ — Менеҷери макроиқтисодӣ, савдо ва сармоягузорӣ Сандип Махаҷан ва коршиноси калони иқтисодии бонки мазкур Ивайло Изворский 5 октябр  дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории самарабахшу судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба нишондиҳандаҳои низоми бонкии кишвар, амалигардонии якчанд ислоҳот ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва гузариши батадриҷ ба реҷаи ҳадафгирии таваррумӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Ӯ иброз дошт, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар самти коҳиши таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ ва бо ин мақсад пешниҳоди якчанд имтиёзҳо ба ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳурӣ имкон фароҳам овард, ки соли молиявии сипаригардида мусбат ҷамъбаст карда шавад. Ҳамчунин бо нишон додани вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар кишварҳои минтақа Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон тавассути пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ ва истифодаи босамари фишангҳои монетарӣ тавонист дар чунин шароити печида сатҳи таваррумро муътадил нигоҳ дорад. Пешбурди сиёсати самараноки қурбӣ ва тасҳеҳи саривақтии қимати қурби расмии доллари ИМА имкон фароҳам овард, ки қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ муътадил нигоҳ дошта шавад.

Менеҷери макроиқтисодӣ, савдо ва сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ Сандип Махаҷан оид ба саҳми низоми бонкӣ дар рушди иқтисодии кишвар ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати бартараф намудани пайомадҳои пандемияи COVID-19 ибрози назар намуда, дар ин самт ислоҳоти роҳандозинамудаи Бонки миллии Тоҷикистонро самараовар ва муассир баҳогузорӣ кард. Мавсуф иброз дошт, ки ислоҳоти низоми бонкӣ дар Тоҷикистон устуворона ва ҳадафмандона татбиқ гардида, натиҷаҳои мусбат медиҳанд, ки инро институтҳои молиявии байналмилалӣ эътироф менамоянд.

Дар мулоқот масъалаи дастгирии самтҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, вусъати ҳамкории дуҷонибаи судманд дар бахшҳои дигари низоми бонкӣ ва роҳҳои таҳкими шарикии минбаъда баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»