Хабар

Ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт иншооти таъиноти гуногунро ифтитоҳ карда, бо сокинон суҳбату мулоқоти судманд доир карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Супоридани мукофоти давлатӣ ва тақдими ҷоизаи пулӣ ба варзишгар Дилшод Назаров

Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари номдори мамлакат Дилошод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тилоии Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 дар бахши гурзандозӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфтанд.

Страницы