Хабар

Пешвои миллат: «Русия шарики муҳими иқтисодии мост»

Имрӯз ҳамгироии Тоҷикистону Русия бисёрҷониба аст ва амалан тамоми соҳаҳои калидии ҳамкориро-аз сиёсату иқтисодиёт, тиҷорату сармоягузорӣ, маориф, илм ва фарҳанг то мудофиа ва амният фаро мегирад. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон таъкид намуд.

Суханронии Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Душанбе

30.08.2016, шаҳри Душанбе

Падару модарони муҳтарам!
Омӯзгорону хонандагони азиз!

Қабл аз ҳама, шумо ва сокинони пойтахти кишварамон – шаҳри Душанберо ба муносибати фарорасии ҷашни бузурги 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

30.08.2016, шаҳри Душанбе

Муҳтарам устодон ва донишҷӯён!

Дӯстони азиз!

Басо рамзист, ки дари бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ду санаи ҷашнии ба ҳам алоқаманд-биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари мо ва бистсолагии фаъолияти донишгоҳ боз шуд.

Биное, ки мо имрӯз ифтитоҳ намудем, дар давоми ду сол сохта шуда, бо технологияҳои пешрафтаи таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Страницы