Ифтитоҳи бинои Суди ноҳияи Сангвор

Дар идомаи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат имрӯз бинои маъмурии Суди ноҳияи Сангвор дар фазои тантанавӣ ба истифода супорида шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти иншооти нав оғози расмӣ бахшиданд.

Тавре зикр гардид, корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии суди ноҳияи Сангвор соли 2014 шуруъ гардида, бо сифати баланд ва тибқи меъёрҳои муаянгардида бунёд шудааст.

Бинои суди ноҳия аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ мебошад. Хароҷоти умумии корҳои сохтмонии бинои маъмурии суди ноҳияи Сангвор 1 миллиону 254 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид бо шароиту имкониятҳои дар бинои нав фароҳамгардида аз наздик шинос шуданд. Барои таҷҳизонидани бино бо имкониятҳои нави кору фаъолият 83 ҳазору 400 сомонӣ масраф гардидааст.

Пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хингоб» буда, корҳои сохтмонии иншоотро дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ба итмом расонид. Бинои маъмурии суди ноҳияи Сангвор дар таҷлили 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ барои кормандони соҳа туҳфаи арзанда мебошад.

Ноҳияи Сангвор давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ бо таваҷҷуҳу кушишҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу зебо гардида, дар марказ ва деҳоти он иншооти гуногун сохта мавриди истифода қарор дода шуд.