Хабар

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон

Имрӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт Рӯзи Парчами давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати беандоза дар саҳни Боғи Парчами миллӣ таҷлил намуданд. Дар ҷамъомади идона устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт ва намояндагони вазорату идораҳо ширкат намуданд.
Ҷавонон ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, бо табъи болида сайру гашт мекарданд.

Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи ҶТ доир гардид

Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат — Раиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори он аъзои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ташкилоту иттифоқҳои ҷамъиятии мамлакат ва созмону ниҳодҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

«Парчами миллӣ рамзи содиқ будан ба сарзамину истиқлолият аст»-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар «Тоҷикстандарт»-и Хатлон

Дар Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон бо иштироки кормандон ва меҳмонон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. 

Страницы