Хабар

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Лахш, Сангвор ва Тоҷикобод тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ-ЭҲТИРОМ БА ВАТАН ВА МИЛЛАТ

Раёсати Вазорати корҳои дохилии ВМКБ бахшида ба Рӯзи Парчам ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Сардори РВКД Абдулваҳҳоб Искандарзода ҳамкорону ҳамкасбони худро бо ин рӯзи таърихӣ ва муқаддаси миллати тоҷик табрик намуда, изҳор дошт, ки «шарафу номус ва марзу буми миллати куҳанбунёди мо маҳз бо шарофати парчам аз ҳамлаи ғосибону истилогарони аҷнабӣ ҳифз шудаву то имрӯз чун як давлати соҳибистиқлол дар харитаи ҷаҳон сабт гардидааст.

Сайфиддин Назарзода: «Парчамдории миллати тоҷик ҳанӯз 5-6 ҳазор сол қабл дар китоби «Авесто» дарҷ гардида буд»

«Дар китоби «Авесто», ки таърихи навишти он қариб 5-6 ҳазор сол пеш аст, аз минтақаҳои муқаддаси кишварҳои ориёӣ номбар мешавад. Вақте навбат ба кишвари Бохтар мерасад, номи онро «кишвари Бохтар бо парчамҳои афрошта» ном мебаранд.

Страницы