Дар Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2 фоиз зиёд шудааст

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба 5 миллиарду 521,6 млн. сомонӣ баробар гардид.
Тавре аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 10,2 фоиз зиёд шудааст.
«Дар ин давра дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 315447,9 тонна ғаллагиҳо ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 фоиз зиёд, мутаносибан 348431,4 тонна картошка ё 5,3 фоиз, 433243,4 тонна сабзавот ё 2,2 фоиз, 85290,6 тонна пахта ё 14,6 фоиз, 108113,6 тонна меваҷот ё 2,4 баробар, 53001,6 тонна ангур ё 3,1 фоиз зиёд истеҳсол карда шудааст»,-хабар дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: