Хуршед Низомов Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид
Опубликовано пн, 01/05/2017 - 10:28 пользователем admin
29 апрели соли 2017 Анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои омодагӣ ба баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, вазъи имрўзаи мактаби композиториву мусиқишиносии тоҷик ва дигар масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи


Шиноварони тоҷик дар чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба шиноварӣ дар намуди эстафетаи 4х50 миёни занон дар ҳайати Карина Климик, Анастасия Тюрина, Аниса Ҷӯраева ва Гулшан Шодиева соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо қарори Федератсияи умумиҷаҳонии бародаршаҳрҳо (World Federation of United Cities) шурӯъ аз соли 1957 ҳамасола Рӯзи байналмилалии бародаршаҳрҳо охирин якшанбеи моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, ки имсол он ба 30 апрел рост омад.