Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Носири Хусрав
Опубликовано пт, 04/08/2017 - 17:30 пользователем sanjar
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз мо ба мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва раванди иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, дастуру супоришҳои додашуда, инчунин, баррасии мушкилоту масъалаҳои мавҷуда ба назди шумо, мардуми заҳматқарини ноҳияи Носири Хусрав омадем.


Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯза мактаби боҳашамату навро бо 1640 ҷой дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Носири Хусрав ташриф оварданд.