Хабар

Вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Дирӯз вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Оғози бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Тӯрақул Зеҳнии ноҳияи Шоҳмансур ба бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё, ки дорои 420 ҷойи нишаст дар як баст мебошад, оғози расмӣ бахшиданд.

Аснои муаррифии лоиҳаи сохтмони муассиса ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки иншоот дар давоми як сол бо муосиртарин таҷҳизот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Оғози сохтмони Мактаби №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и ноҳияи Шоҳмансур оғози расмӣ бахшиданд.

Страницы