Бохти варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи ҷаҳонӣ

Варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи 29-уми тобистона, ки дар шаҳри Тайбейи Тайван ҷараён дорад, дар ду намуд – варзиши сабук ва ҷудо ширкат меварзанд. Чуноне,ки сомонаи расмии Универсиада хабар додааст, дар ин мусобиқоти бузурги донишҷӯёни олам намояндагони беш аз 140 кишвар аз рӯи 21 намуди варзиш қувваозмоӣ намуда,мусобиқоти мазкур то рӯзи 30-юми август идома меёбад. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил аст. Нахуст Беҳрӯз Хоҷазода дар сабқати ҷудо дар вазни зери 73 кило вориди рақобат шуд. Ӯ рӯзи 22-юми август дар аввалин қувваозмоияш бар Лечи Эдиев аз Русия пирӯз гашт, вале дар даври баъдӣ аз Алеҷандро Федерико Клара (Аргентина) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум шуд. Чаҳор варзишгари дигари тоҷик рӯзи 23-юми август ба рақобат мепардозанд. Фаридун Ашӯров дар гулӯлапартоӣ, Абдурауф Мӯсоевдар гурзандозӣ, Шӯҳрат Усмонов дар давидан ба масофаи 400 метр ва Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳидан ба баландӣ қувваозмоӣ мекунанд. Пас аз натиҷагирии чаҳор рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 18 медал (9 тилло, 3 нуқра, 6 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Кореяи Шимолӣ (5-3-1) дар мақоми дувум ва мунтахаби Тайван (4-8-2) дар мақоми севум қарор доранд. Умуман, то ҳоло варзишгарони 30 кишвар бо медалҳо мукофотонида шудаанд ва намояндагони 20 кишвар барандагони нишонҳои тилло гардидаанд. Бояд тазаккур дод, дар Универсиадаи ҷаҳонӣ, ки чун анъана ҳар ду сол барпо мегардад, асосан варзишгарони донишҷӯ аз кишварҳои олам ширкат меварзанд.

ТВ Варзиш

Tags: