Агентии обуҳавошиносӣ: гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон то охири моҳ боқӣ мемонад
Опубликовано вт, 08/08/2017 - 08:39 пользователем sanjarМувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 8 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо ҳарорати ҳаво ба 42 дараҷа мерасад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр шуда, дар ғарби вилоят шабона 14-19 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилояти Бадахшон гармии ҳаво шабона ба 7-12 ва рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад.