«ҲАМНИШИНЕ БЕҲ АЗ КИТОБ МАХОҲ!..» Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ба Рӯзи китоб бахшида мешавад

Ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 4 сентябр ҷашн гирифта мешавад,  дар ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ!» баргузор мегардад.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се давр миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври аввали озмун  моҳҳои май–июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Ҳисору Рашт ва шаҳри Душанбе баргузор гардида, баргузории даври дуюм  аз 11 то 28 сентябри соли равон дар назар дошта шудааст.

Даври  сеюми озмун 3-4 октябри соли 2017 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар доир мешавад.

Ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобхониву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ мебошад.

Ҷамъбаст ва маросими туҳфасупорӣ ба ғолибони озмун 5 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

АМИТ "Ховар"

Tags: