Варзишгарони тоҷик соҳиби 4 медал шуданд

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми раиси FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо), ки рӯзҳои 2-3 сентябр дар шаҳри Донҳэи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ ва самбои варзишӣ чаҳор медал - як тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо ибтикори Федератсияи самбои Кореяи Ҷанубӣ ва дастгирии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) барои севумин бор барпо гардид, Тоҷикистонро се варзишгар – Разавӣ Навбаҳоров, Шаҳром Шералов ва Алиҷон Ҳусайнов намояндагӣ карданд. Разавӣ Навбаҳоров соҳиби ду медал – як тилло ва як биринҷӣ - гардид. Ӯ дар сабқати самбои размӣ дар вазни зери 57 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири муғул Баяарсайхан Мунхбатар дастболо шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Медали дуввумро, ки биринҷӣ аст, Навбаҳоров дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 57 кило ба даст овард. Намояндаи дигари Тоҷикистон Шаҳром Шералов дар сабқати самбои размӣ дар вазни зери 68 кило баъди пирӯзӣ бар рақибаш Ҷинсук Ҷунги кореягӣ ба финал баромад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Николай Ковтуни русиягӣ мағлуб шуд ва медали нуқра гирифт. Алиҷон Ҳусайнов низ дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ дар вазни зери 68 кило ширкат кард ва медали биринҷӣ ба даст овард. Инчунин ӯ дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 74 кило мақоми панҷумро касб намуд. Дар чорабинии мазкур беш аз 120 варзишгар аз Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Руминия, Русия, Тайван, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Ҷопон иштирок дошт. Ба ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро соҳиб шуданд, ба ҷуз медалу диплом, ҷоизаи молӣ ба маблағи 500 доллар (ҷойи аввал), 300 доллар (ҷойи дувум) ва 100 доллар (ҷойи севум) супурда шуд.

ТВ Варзиш