Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар
Опубликовано вт, 12/09/2017 - 17:30 пользователем tvtИмрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷарро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории имрӯза ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуд.


Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017 (EXPO-2017)» дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба унвони беҳтарин павилйон дар бахши “ифшои сужаҳо” шинохта шуд ва медали тиллоро дар ин бахш касб кард.
Дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Германия дар якҷоягӣ бо Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайни Германия бахшида ба 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.