Хабар

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Фардо мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу мубораки бистушашумин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мекунанд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуров

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуровро, ки ҳамчун роҳбари ин ниҳод нахустин маротиба ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дилшод Назаров дар мавсим мақоми сеюмро касб намуд

Мавсими навбатии силсиламусобиқа оид ба гурзпартоӣ — IAAF Hammer Throw Challenge ба фарҷом расид. Пешгоми мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук  Дилшод Назаров дар ҷамъбасти 9 силсиламусобиқа сазовори ҷойи сеюм гардид.

Страницы