БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017: варзишгарони тоҷик соҳиби боз 3 медали тилло шуданд

Шоми дирӯз дар рӯзи даҳуми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони мо соҳиби 3 медали тилло шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзи даҳуми мусобиқот 2 медали тиллоро аз намуди гӯштини самбо Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг ба даст оварданд. Медали сеюми тиллоро Миҷгона Самадова аз намуди кикбоксинг сазовор шуд.
Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг нахуст Раҳматҷон Ахмедови ӯзбекистониро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод. Сипас, варзишгари мизбон Карим Аллануровро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Дар нимфинал бар варзишгари қирғиз Белек Бараканов ва дар финал бар варзишгари Муғулистон Марал-Ердана Чимедорҷ пирӯз шуд.
Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг аввал Ҷасим Ҳамид (Ироқ), сипас Роҳат Башимов (Туркманистон), баъдан Галимжан Абдрахманов (Қазоқистон) ва дар финал варзишгари дигари тоҷик Мубориз Мунавваровро мағлуб кард.
Миҷгона Самадова дар вазни -60 кг дар намуди «Kick Light” рақобатро аз чорякфинал оғоз кард. Ӯ нахуст бар варзишгари мизбон Майса Гупбикова, баъдан бар Зайнаб Ҷабборӣ (Эрон) ва дар финал бар варзишгари дигари мизбон Гулзада Ҷорақулиева дастболо шуд.
Варзишгарони мо ҳамчунин як медали нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро, тавре гуфтем, Мубориз Мунавваров дар вазни -74 кг аз намуди самбо сазовор гашт. Фаридун Одилов дар самбои ҳарбӣ (-82 кг), Сиёвуш Ибрагимов (-69 кг) ва Далер Тураев (-79 кг) дар намуди кикбоксинг соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Ҳамин тариқ. шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 45 адад- 3 тилло, 11 нуқра ва 31 биринҷӣ расид. Кишвари мо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ аз ҷои 27-ум ба зинаи 16 баромад.

АМИТ "Ховар"

Tags: