Забони тоҷикӣ рамзи истиқлолияти давлативу сиёсӣ мебошад
Опубликовано пт, 29/09/2017 - 15:25 пользователем tvt
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, дар мавзӯи «Нақши забони давлатӣ дар эҳёи миллат» ҷамъомад баргузор гардид.


Забони давлатӣ имрӯз дар марҳилаи рушд қарор дорад ва ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки нафосати забони модариро риоя карда, онро аз олудашавӣ ҳифз намояд. Қоида ва имлои забони тоҷикиро на танҳо омӯзгорону аҳли илм, балки ҳар як шаҳрванд бояд риоя кунад ва дар қатори дигар арзишҳои умумимиллӣ ҳамаҷониба ҳифз намояд.
Дирӯз дар Душанбе воситаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо мубталоёни бемории масунияти норасоии инсон (ВНМО)» муаррифӣ гардид.