Хабар

«Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як Сарвари ташаббускор шинохта шудааст. Собиқ Дабири кулли СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро «пешгоми ташаббусҳои вобаста ба об» номида буд, ки ин унвони бисёр баланд аст.

Дар Ню-Йорк мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СААД баргузор гардид

20 сентябри соли 2017 дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) иштирок намуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба тамошои барномаҳои фарҳангӣ даъват менамояд

Дар доираи барномаҳои мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, рӯзҳои 23-24 сентябр дар боғҳои мазкур барномаҳои фарҳангӣ доир мешаванд.

Страницы