Имрӯз ҳайати Тоҷикистон бо барномаи фарҳангии хеш ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз 10 то 14 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Барномаи Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ўзбекистон аз намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши «Китобҳои Тоҷикистон», намоиши ду филми пурраи Носир Саидов «Қиёми рӯз» ва «Муаллим» намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар барномаи консертӣ дар шаҳри Тошканд ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик, ба мисли Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Шарофат Усмонова, Фотима Машрабова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова ва Дамирбек Олимов дар назар аст.
Санъати рақси миллии тоҷикро дар Ўзбекистон Ансамбли овозадори рақсии «Зебо» муаррифӣ хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки расми ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон пагоҳ дар шаҳри Тошканд доир мегардад.
АМИТ «Ховар»