Хабар

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.
Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

«Ҳимояи Ватан — рисолати мост!»-маъракаи гусели наваскарон дар шаҳри Панҷакент

Имрӯз дар шаҳри Панҷакент бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» иқдоми «Ҳимояи Ватан- рисолати мост!» амалӣ гардида, маросими  сафарбарнамоии аввалини наваскарон доир шуд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ забони давлатиро бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт

«Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ»-  таҳти чунин унвон  дар остонаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиш доир  гардид, ки дар он  адибону забоншиносон ва кормандони  Марказ итирок намуданд.

Страницы