Дар пойтахт мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе ҷараён дорад

Рӯзи ҷумъа, 20 октябр, дар майдончаҳои варзишии назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардид. Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябр таҷлил мегардад, ташкил карда шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи мусобиқа раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, раиси Федератсияи футболи Душанбе Анваршо Мирзоев ва директори иншооти варзишии Душанбе Раҳматшо Камолов иштирок доштанд. Онҳо дар суханрониҳои худ иштирокдоронро шодбош гуфта, ба футболбозон музаффарият ва ба тамошобинон тамошои  голҳои зиёд таманно намуданд.

Дар мусобиқа 48 даста, ки ба 8 гурӯҳ тақсим шудаанд, иштирок доранд.

 Гурӯҳи «А»: «Вавилон», ТВ «Варзиш», ММПИ, ДМТ, «ФБ Душанбе», «Суди Сино».

 Гурӯҳи «Б»: ВКД, «Тоҷикматлубот», «Раёсати обёрӣ», «Прокуратураи ш. Душанбе», ФФТ, «Обу корез».

Гурӯҳи «В»: «Бонки миллӣ», «Барқи тоҷик», «Сарраёсати маориф», «Раёсати молия», «Раёсати сохтмон», «Суди ш. Душанбе».

Гурӯҳи «Г»: «Кумитаи андоз», ВКХ, «Театри М. Қосимов», «Ҷаҳоннамо», «Шифобахш», МБП.

Гурӯҳи «Д»: «Амонатбонк», АНМН ҶТ, РХМЗ, «Вазорати адлия», МБГ, «ККҶ ва варзиш».

Гурӯҳи «Е»: МИҲД ш. Душанбе, «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ», МДМТ «Истиқлол», «Фароз», ҲХДТ, «Вазорати кишоварзӣ».

Гурӯҳи «Ж»: АДНМК, ДИП ҶТ, АХҶХ ҶТ (Ҷангалпарвар), ШБШД, «Вазорати меҳнат», «Формула-55».

Гурӯҳи «З»: «Ориёнбонк», «Агентии хизмати давлатӣ», «Вазорати молия», «Агентии омор», «Хадамоти гумрук», «Вазорати рушди иқтисод».

Тибқи низомномаи мусобиқа, пас аз бозиҳои пешакӣ ду дастаи беҳтарин ба даври навбатӣ роҳ ёфта, минбаъд дастаҳо тибқи низоми олимпӣ аз рӯи натиҷаи бозиҳо хориҷ мешаванд. Бозиҳои 1/8- финалӣ 5 ноябр ва бозиҳои ¼- финалӣ 11 ноябр ба нақша гирифта шудаанд. Сабқатҳои нимфиналӣ 12 ноябр ва бозии финалӣ барои дарёфти ҷоизаи асосӣ 16 ноябр соати 19:00 баргузор хоҳанд шуд.

АМИТ "Ховар"