Меҳргон - таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ. Суратгузориши АМИТ «Ховар»
Опубликовано пн, 16/10/2017 - 12:06 пользователем admin
Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукўҳтарин ҷашнҳои мардуми форсизабон қарор дорад, ки аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад. Ин ид дар қатори Садаю Наврўз дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон аз ҳалқаҳоест, ки онро кишоварзон дар ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамудаанд.


Дар деҳаи дурдасти Аличури ноҳияи Мурғоб шуъбачаи милитсияи деҳот таъсис ва барои кормандони он бинои дуошёна ба истифода дода шуд. Бино бо тарҳи муосир бунёд шуда, тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ ва бухориҳои гармидиҳӣ таъмин мебошанд.
15 октябри соли 2017 дар Душанбе дар остонаи Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе нишасти коршиносони аршади давлатҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.