Дар Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ намояндагони 26 кишвари арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок доранд
Опубликовано пн, 16/10/2017 - 12:11 пользователем adminИн лаҳзаҳо дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷараён дорад.
Иҷлосияро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар ин ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони 26 кишвари арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок доранд.



Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукўҳтарин ҷашнҳои мардуми форсизабон қарор дорад, ки аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад. Ин ид дар қатори Садаю Наврўз дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон аз ҳалқаҳоест, ки онро кишоварзон дар ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамудаанд.