Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ омили рушди «иқтисоди сабз» ва таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказист»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни  суханронӣ дар ифтитоҳи 16-умин Конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикаро барои таъмини рушди устувори минтақа муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин росто  Сарвари давлати Тоҷикистон   чунин таъкид карданд: «Моро зарур аст, ки раванди тағйирёбии иқлим ва торафт осебпазир гардидани кишварҳоямонро аз пайомадҳои офатҳои табиии вобаста ба об дар мадди назар дошта бошем. Ҳамзамон бо ин, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии мо ва манбаъҳои таҷдидшавандаи он метавонад омили пуриқтидори рушди «иқтисоди сабз» ва аз лиҳози экологӣ тоза, пешрафти саноат, гарави таъмини амнияти энергетикӣ ва тараққиёти устувори иқтисодии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ гардад».

Бо дахли мавқеияти ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари  давлати Тоҷикистон зикр карданд, ки масъалаи тақвият бахшидан ба иқтидори транзитии минтақа ва ташаккули низоми мукаммали нақлиётии он низ саъю талошҳои муштаракро тақозо менамояд. Таъкид гардид, ки аксари кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистон, бинобар мавқеи ҷуғрофии худ ба ҳавзаи кишварҳои маҳсур бо хушкӣ шомил мебошанд ва шароити инфрасохтори нақлиёти заминии онҳо гуногун аст. Зимнан, як қатор кишварҳои аъзои Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, дар бобати дастрасӣ ба бозорҳои калони ҷаҳонӣ тавассути роҳҳои баҳрӣ ба мушкилиҳо дучор мегарданд. Бинобар ин, ҳалли масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани Тоҷикистон на танҳо барои мо, балки барои минтақа ҷиҳати осон намудани транзити молҳо тавассути ҳудуди кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Дар идома Президенти кишвар афзуданд, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ беш аз 15 лоиҳаи коммуникатсионӣ амалӣ шуда истодааст, вале ташкили долонҳои нақлиётӣ дар минтақа боз ҳам тақвият металабад. Дар ин росто, ташкили низоми ба ҳам пайвасти коммуникатсионӣ ба пайвастани Осиёи Марказӣ бо дигар кишварҳои Осиё ва инчунин Аврупо мусоидат намуда, ба афзоиш ёфтани гардиши савдои байниҳамдигарӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамзамон зимни суханронӣ таъкид карданд, ки ба лоиҳаҳои бунёди роҳҳои автомобилгарду оҳан дар ин кишварҳо ва ташаккули долонҳои нақлиётии минтақавии баромад ба бандарҳои баҳрӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Идомаи ҳамкорӣ байни шарикон дар ин самт ва бунёди гузаргоҳҳои боэътимоди нақлиётиву марказҳои логистикӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.

Президенти кишвар таъкид намуданд:  «Бовар дорам, ки Стратегияи нави дарозмуддати рушд, аз ҷумла дар масъалаҳои ташаккули гузаргоҳҳои иқтисодӣ, аз тарафи кишварҳои ширкаткунандаи Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ хоҳад ёфт. Густариши ҳамкорӣ дар доираи Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ аз рӯи афзалиятҳои нав — рушди иқтидори инсонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ низ, ки дар стратегияи то соли 2030 муайян карда шудаанд, мувофиқи мақсад мебошад».

АМИТ "Ховар"