Дар Душанбе доир ба ҳаёт ва фалсафаи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиш доир мешавад
Опубликовано ср, 18/10/2017 - 15:19 пользователем tvt20 октябри соли равон бо ибтикори Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаёт ва фалсафаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ таҳти унвони «Мавлавихонӣ ва само» ҳамоиши илмӣ баргузор мегардад.


Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» дар вилояти Суғд як зумра корҳо ба сомон расонида шудаанд.
Аз 25 то 27 октябри соли равон дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.