Маҳмадбеков Сомон ифтихори Тоҷикистон
Опубликовано пт, 20/10/2017 - 10:32 пользователем tvt
Сомон Маҳмадбеков дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия ҷараён дорад, дар вазни -66 кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Сомон дар марҳилаи муқаддамотӣ озод буд. Ӯ дар даври дуюм Ҷаслен Сайнӣ (Ҳиндустон), баъдан Исмоил Иброҳимовро (Озарбойҷон) мағлуб карда, аз варзишгари Бразилия Даниел Каргнин, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хурд.


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 19 октябр муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Бердинияз Мятиевро, ки ҷиҳати муҳокимаи масоили марбут ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.