Прокурори генералии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масоили ҳамкории тарафайнро баррасӣ карданд
Опубликовано пн, 16/10/2017 - 14:35 пользователем tvt
Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баргузор гардид.


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин доктор Риёз ал Маликиро ба ҳузур пазируфтанд.