Абдуқаҳор Ғаффуров дар 9-умин Фестивали байналхалқии муғам барои кӯдакон сазовори ҷои дуюм гашт

 Дар шаҳри Боку 25 октябр маросими ниҳоии фестивали 9-уми байналхалқии сарояндагони муғам миёни кӯдакон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Тоҷикистонро дар фестивал Абдуқаҳор Ғаффуров муаррифӣ карда, бо забони озарӣ мусиқии «Таснифи чоргоҳ»-ро иҷро намуд ва сазовори ҷои дуюм гардид.
Ҷашнвора аз соли 2009 то инҷониб дар Озарбойҷон доир мегардад. Мақсад аз ин фестивал муайян кардани маҳорати ҷавонон ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ буда, он ба ҷавонони кишварҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки бо фарҳанг ва санъати Озарбойҷон шинос гарданд.
Дар озмуни мазкур ҷавонони то синни 16 аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Алҷазоир, Миср, Эрон, Қазоқистон, Туркия, Тунис, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: